Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои филиали БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ намуданд

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро ифтитоҳ намуда, ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати умумии 0,60 гектарбунёд гардида, аз комплекси маҷмуавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад ва барои саёҳату истироҳати сокинон, машғулияти ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш макони беҳтарини фароғат маҳсуб меёбад.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд.

Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва корҳои азнавсозию бунёдкорӣ дар соҳа

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» боздид намуда, бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Фарҳод Ҳакимов таъсис дода шуда, сардухтури муассиса Шамсиддин Тошматов мебошад. Дар маркази хизматрасонии тиббӣ духтурони соҳибтаҷрибаи осебшиносӣ сарҷамъ гардида, дар як шабонарўз метавонанд то ба 30 нафар беморон хизмат расонанд.

Хуҷанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода камбизоатонро аёдат намуд

27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар камбизоатонро аёдат  намуда, ба эшон маблағҳои пулӣ, тўҳфаҳои хотиравӣ ва маводи ғизоии ниёзи аввалия супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода Сабоат Шукуроваи 67 сола, Файзулло Сўфиҷонов, Мавзуна Зиёева, Шаҳодат Абдуллоеваи 75 соларо аёдат намуд.