Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо ҷараёни васлу насби агрегати нави обкашӣ ва таъмири агрегатҳои мавҷуда дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулин соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як агрегати нави обкашӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, айни замон дар пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» насб гардида истодааст.



Сокинони сарбаланди вилоят, ҳайати фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои вилояти Суғдро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хотирҷамъию саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати хизмат ба халқу Ватани маҳбуб дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

