Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.

Раиси вилоят аз ҳоли Акбарҷон Аҳмедов, Барно Набиева, Мукаррам Ғаффорова, Сиддиқҷон Набиев хабар гирифта, аз ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбаршудагон солҳои зиёд дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, имрӯз низ дар корҳои ободониву ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Аснои суҳбат таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳ ба собиқадорони меҳнат дар мадди аввал қарор дошта, аз ҷониби давлат ба ин қишри ҷомеа мунтазам ғамхорӣ карда мешавад. 

Собиқадорони меҳнат барои чунин ғамхорӣ ба Пешвои миллат миннатдорӣ намуда, барои шукуфоии Тоҷикистон орзуҳои нек намуданд.

Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби ба номи А.П.Чехов

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз мактаби ба номи А.П. Чехов боздид ба амал овард. 

Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тадрис дар мактаб шинос гардида, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, технопарки «Кванториум», ҳамчунин толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ боздид кард ва бо хонандагон суҳбат намуд.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин муносибатҳои шарикии стратегии байни кишварҳоямон ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Зафаробод идома дорад

25 сентябр дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими оғози расмии мумфаршкунии роҳи Зафаробод – Ҳамид Алиев – Гулистон – Дӯстӣ баргузор гардид.

Дороии умумии роҳи мазкур 3,2 километр буда, паҳноии он 6 метр-ро ташкил медиҳад. То ба имрӯз корҳои ҳамворкунии роҳ пурра анҷом ёфта, масъулин изҳор доштанд, ки корҳои асосии роҳсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.

Ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, корҳои пудратиро ҶДММ “Ваҳдат-2018” ба уҳда дорад.

Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва масъулин таъкид намуд, ки дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садҳо иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд.

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Зафаробод

25 сентябр дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, масъулини сохторҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ, инчунин фаъолон ва кишоварзони пешқадам ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи ҷамъоварии саривақтии пахта баррасӣ шуд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои деҳқонон шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шудааст. Заминҳои кишоварзӣ имсол сари вақт бо оби полезӣ таъмин шуда, деҳқонон тавонистанд корҳои кишту парвариши пахтаро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки ҳар як кишоварз ва масъули соҳа бояд тамоми кӯшиши худро баҳри иҷрои пурраи нақшаи истеҳсоли пахта равона созад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод шинос гардид

Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, саҳми заркорони ноҳия дар ғанӣ гардонидани хирмани пурбори «тиллои сафед» назаррас аст. 

25 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Дар хоҷагии деҳқонии «Дилнур», ки дорои 12 гектар замин буда, имсол дар майдони 8 гектар пахта кишт шудааст, ҳамарӯза то 100-120 нафар ҳашарчиён аз ноҳияи Деваштич ба ёрии деҳқонон меоянд. 

Раиси вилоят зимни суҳбат бо саҳмдорон ва чинакчиён таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Пахта ашёи хоми муҳим буда, бояд ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи деҳқон пурра ҷамъоварӣ карда шавад. Бо дарки ин нукта ҳар нафари меҳнатдӯст бояд ба деҳқонон ёрии амалии худро расонида, ҳамбастагии худро дар мавсими ғунучин нишон диҳад. Сари вақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил на танҳо ба рушди соҳа, балки ба таъмини корхонаҳои нассоҷӣ бо ашёи хом ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодӣ замина мегузорад.