Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро ифтитоҳ намуданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунëд карда шудааст ва аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир як миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Олмон аст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”-ро ба истифода доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб карда шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Зебо» оғоз бахшиданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Зебо” оғоз бахшиданд.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдунабӣ Қуддусов бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт мулоқот намуданд

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар саҳни ҳавлии мактаби нави рақами 65 бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи сокинони ноҳия ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ дар ноҳия 426 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ ва бо таъсиси 1200 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро ифтитоҳ карданд

16 апрел дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои таълимӣ барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба маблағи 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.