Маросими қадршиносии варзишгарони вилоят барои дастовард ва натиҷаҳо дар соли 2022

6 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии варзишгарони вилоят барои дастовард ва натиҷаҳо дар соли 2022 баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самти фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян гардиданд.

Шиносоӣ бо ҷараёни азнавсозӣ ва бунёдкориҳо дар Қалъаи Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" омада, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти  Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд дар ин муассиса, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ беш аз 10 ҳазор ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд як қатор собиқадорони соҳаи тиб, хизмати давлатӣ, савдо ва ғайраҳоро аёдат намуд.

Мунаввара Шокаримова беш аз 50 сол инҷониб дар соҳаи тандурустӣ, аниқтараш ба сифати духтури ортопедӣ дар хизмати мардум буда, солҳои зиёд дар беморхонаи шаҳрӣ, марказҳои саломатӣ ва тибби хусусӣ фаъолият дошта, ба дармонбахшии ҳазорҳо нафар шаҳрвандон саҳми муносиб гузошта меояд. Имрӯз даҳҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, нозукиҳои касбро ба онҳо омӯзонида истодааст.

Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ ташкил гардид

Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас нисбатан аз бозор арзон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.