Таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Шоми 8 сентябр дар Қалъаи Хуҷанд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо фарорасии ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани азизамонро ба марҳилаи сифатан нави рушд расонанд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

8 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қадршиносии хизматҳои шоистаи намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон баргузор шуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ ҳозирин ва кулли сокинони вилояти Суғдро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ ва дастгирии фарзандони фарзонаи Ватан мавқеи муҳим дорад.

Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501 чорабинӣ доир шуд

Имрӯз муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, сарбозону афсаронро табрику таҳният намуданд.

Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии ҷашни мубораку муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидон орзу менамоям.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд: "Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд."

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома дошта, сокинон талош доранд, ки ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои шоиста пешвоз гиранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ аз наздик шинос шуд. 

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ даромадгоҳи деҳаи Ваҳдати ноҳия ба таври замонавӣ таҷдид гардида, симои зебо ва ҷолиб пайдо кардааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи асосии ноҳия тандиси рамзии “Асп” гузошта шуд, ки ба хусусияти таърихиву фарҳангии ин минтақа мувофиқат мекунад. Бо дарназардошти мавқеи сайёҳии ноҳияи Шаҳристон, тасмим гирифта шудааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари меҳмонон тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд.