Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид

23 августи соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Раиси вилоят ва вазири маориф ва илм пеш аз оғози машварат бо ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони онҳо мулоқот намуда, ба онҳо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим карданд. Ҳамчунин, меҳмонон бо намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи маориф, аз ҷумла, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Ихтироъкорон ва навоварон”, “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” шинос шуданд. Дар ин рӯз, собиқадорони соҳаи маориф низ бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни татбиқи ҳадафҳои созанда, бунёди корхонаҳои нав фаъолияти гармхона ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анқо-инвест” имконият фароҳам оварда шудааст, ки то 150 ҳазор сар парранда парвариш карда шавад. Ҳамзамон, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корвон парранда” истеҳсоли чӯҷа ба роҳ монда шудааст, ки иқтидори солонаи он то 3 миллион сарро ташкил медиҳад. Масъулин таъкид намуданд, ки дар оянда иқтидор ду баробар афзоиш меёбад. Айни ҳол дар ноҳия 6 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дошта, бо ба истифода додани иқтидорҳои нав ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва тухм боз ҳам зиёд хоҳад шуд.

Дар деҳоти Деҳмой роҳбари вилоят фаъолияти ҶДММ “Хайри сафо”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар инҷо дар масоҳати як гектар гармхона бунёд гардида, рӯзҳои наздик дар гармхона кишти бодиринг ба роҳ монда мешавад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 70 км роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудааст

Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд беш аз 70 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудааст. Дар ин бора зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ дода шуд. 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмгузории фаъолонаи сокинон дар деҳаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфаршкунии роҳҳо вусъат ёфта, сокинон ободониро амри зарурӣ ва нишонаи ватандӯстӣ арзёбӣ намуда, бо ҳисси баланди масъулият дар ободонии маҳал саҳм мегузоранд. 

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳоти Ғулакандоз ба мумфаршкунии кӯчаҳо оғоз бахшида шуд. 

Сокинони деҳаи Сомониён низ тасмим гирифтаанд, ки зиёда аз 15 километр роҳҳои ҳудуди маҳалро пурра мумфарш намоянд. Маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Абдулло Пӯлотов бо иштироки роҳбари вилоят доир гардид. Таъкид шуд, ки ободии ҷомеа аз хона, маҳалла ва деҳа оғоз мегардад. Бо дарки ин нукта сокинон дар иҷрои корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. 

Тақдими либосҳои мактабӣ ба ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд

20 августи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ятимон ва кӯдакони бепарастор либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.

Иқдоми мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, наврасон дар арафаи соли нави таҳсил барои ба мактаб рафтан омода гардиданд.

Раиси вилояти Суғд аснои суҳбат қайд намуд, ки дастгирии иҷтимоии ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва қишри ниёзманди ҷомеаро давлат ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар ин рӯз 11 нафар ятими кул ва 15 нафар кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти зарурии хониш таъмин карда шуданд.

Дидорбинӣ бо ниёзмандону собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба манзили собиқадори соҳаи тиб Акбарбердӣ Эгамбердиев ташриф овард.

Акбарбердӣ Эгамбердиев беш аз 50 сол ҳамчун мутахассиси асабшинос фаъолият намудааст. Айни ҳол ӯ бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда дар ҳалқаи пайвандон умр ба сар мебарад. 

Раиси вилоят зимни суҳбат аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, ба оилаи Эгамбердиевҳо аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд. 

Ҳамзамон, роҳбари вилоят ба манзили Раҳматулло Исмоилов, ки оилаи ниёзманд ба шумор меравад, ташриф оварда, аз номи Пешвои миллат ба онҳо кӯмакҳои модиву пулӣ тақдим намуд. Ба фарзандони ин оила, ки хонандагони мактаб ҳастанд, либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш супорида шуд.