Оғози ҷамъоварии пахта дар шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар чиниши аввалин ҳосили “тиллои сафед” иштирок намуд.

Кишоварзони Конибодом дар мавсими имсола дар майдони 3901 гектар пахта кишт кардаанд. Бо мусоид омадани обу ҳаво ва меҳнати шабонарӯзии деҳқонон интизор меравад, ки ҳосили фаровон ба даст омада, ба хирмани давлат супорида шавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёр ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфт. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзону собиқадорони соҳа таъкид намуд, бояд пахта, ки ашёи муҳим барои соҳаи саноат аст, пурраву беталаф ҷамъоварӣ карда шавад.

Дастгирии ятимону ниёзмандон дар Конибодом

Шахсони яккаву танҳо, ятимону ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар арафаи соли нави таҳсил Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба 30 нафар хонандагони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим намуд.

Зимни суҳбат бо хонандагон Раиси вилоят таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар кишвар барои наврасону ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсил ва касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам аст. 

Раҷаб Аҳмазода иброз дошт, ки вазифаи насли ҷавон аз он иборат аст, ки бо баҳои аъло таҳсил намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, аз амалҳои номатлуб дур бошанд ва пас аз хатми муассисаҳои олӣ бо донишу малакаи зарурӣ ба халқу миллат хизмат кунанд.

Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Конибодом шинос гардид

Ба созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба истифода дода мешаванд.

Тибқи нақша дар шаҳри Конибодом 714 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор мегирад. То имрӯз 592 иншоот ифтитоҳ гардида, дар иншооти боқимонда корҳои навсозиву бунёдкорӣ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону сокинон бо маром идома доранд.ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 сохта мешавад. Сохтмони толор соли 2020 оғоз гардида, бо дастгирии соҳибкорони саховатманд идома дорад. Қарор аст то ҷашни 35-солагии Истиқлол ба истифода дода шавад. Айни замон муассиса, ки дорои 310 хонанда мебошад, ба соли нави таҳсил пурра омода гардидааст.

Суғд – минтақаи рушдёбандаи сайёҳӣ

Вилояти Суғд яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар ба шумор рафта, имконияту зарфиятҳои соҳаи сайёҳии он мақсаднок истифода мегардад. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз минтақаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз мавзеъҳои афсункори табиӣ ва сайёҳӣ аст, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди инфрасохтори соҳа, фароҳам овардани шароити муосир барои истироҳати шаҳрвандон ва ҷалби бештари сайёҳон ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар баробари ташрифи сайёҳони хориҷӣ, сайёҳони дохилӣ низ аз табиати нотакрори Шаҳристон баҳра мегиранд. Ба ҳамин хотир масъулони соҳаро зарур аст, ки ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист, махсусан дар минтақаи Хуррамдара, диққати ҷиддӣ диҳанд.

Имрӯзҳо Хуррамдара ба макони писандида барои садҳо нафар сайёҳ табдил ёфтааст. Манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо ва ҳавои руҳнавоз истироҳаткунандагонро мафтун месозанд. Бо ин вуҷуд, баъзе шаҳрвандон пас аз истироҳат партовҳоро дар ҷойҳои ғайримақсаднок партофта, боиси олудагии муҳит мегарданд. Бо назардошти ин, назорат ҷиҳати тозаву назаррабо нигоҳ доштани мавзеъ бояд пурзӯр карда шавад. Ҳар шахсе, ки ба ин мавзеъ меояд, вазифадор аст, ки ба табиат зарар нарасонад ва партовҳоро танҳо дар ҷойҳои махсуси пешбинишуда гузорад.

Қадршиносии собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагон

Дар машварати августии соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода гурӯҳи омӯзгорон ва хонандагон барои дастовардҳои арзандаашон қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, 37 нафар омӯзгор, ки барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми калон гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, 21 нафар хонанда, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол кардаанд, бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ғайр аз ин, 5 нафар иштирокчии хурди озмуни вилоятии «Ахтарони дониш» низ бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.