
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз шаҳраки Палос боздид ба амал овард.
Дар шаҳраки Палос Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ҷараёни истеҳсоли сару либоси низомӣ ва мактабиро аз наздик мушоҳида намуд. Дар корхонаи мазкур 63 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба дӯхтани либосҳои сарбозӣ ва мактабӣ машғуланд.
Бино ба иттилои масъулин, дар як шабонарӯз то 80 маҷмӯи сару либоси ҳарбӣ истеҳсол карда мешавад. Раиси вилоят таъкид дошт, ки талабот ба маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш аст ва фаъолсозии чунин корхонаҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.








