
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром идома дорад.
Бо саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо шитоб ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар чандин иншооти муҳим, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








