
Дар шаҳри Истиқлол таъмири куллии бинои шуъбаи таваллудхона оғоз ёфта, ҳамзамон дар шуъбаҳои амрози занона ва ҷарроҳии беморхона низ корҳои навсозӣ ҷараён доранд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани навсозии иншооти соҳаи тандурустӣ супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки имрӯз муассисаҳои тиббии шаҳр шабонарӯзӣ дар хизмати мардум қарор дошта, ба аҳолӣ дар вақти зарурӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад.
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол инчунин аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.








