
Зимни сафари корӣ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нахуст ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Бо иштироки Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгард аз назди беморхонаи марказии ноҳия то деҳаи Сангистон расман оғоз бахшида шуд. Ин роҳ, ки деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин, Путхин ва дигар мавзеъҳои болооби дарёи Зарафшон, инчунин ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ҳам мепайвандад, дар асоси сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми ширкати “Инновейтив Солюшинз ЛТД”, шарикони рушд ва сокинон бо харҷи умумии 7,5 миллион сомонӣ мумфарш карда мешавад.
Масофаи умумии роҳи навсозишаванда 6 километр буда, паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад. Қаблан ҳолати ин роҳ ташвишовар буд ва акнун орзуи деринаи сокинони минтақа ҷомаи амал мепӯшад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир осон гардида, хароҷоти иловагӣ коҳиш меёбад.








