Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Исфара

21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо фаъолон, роҳбарони сохторҳо ва намояндагони бахшҳои гуногун ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Исфара бо маром идома доранд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру деҳоти Исфара иншооти таъиноташ гуногун бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶСК "Ангишт" ва корҳои ободонӣ дар шаҳраки Шӯроб

21 октябр дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозӣ ва ободонӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» шинос гардид.

ҶСК «Ангишт» аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ангишт дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд корҳои васеи таҷдиду азнавсозии хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти мавҷудаи худро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои масъулин, то имрӯз дар доираи корҳои таҷдид беш аз 22 миллион доллари ИМА сарф гардида, 300 нафар коргарони маҳаллӣ ва 200 нафар мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар лоиҳа ҷалб шудаанд. Дар баробари сохтмони бинову иншооти маъмурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва маркази идоракунии электронӣ, корҳои сохтмонӣ дар кӯли сунъӣ барои оби техникӣ бо ғунҷоиши 230 ҳазор метри мукааб, ҳавзҳои оби нӯшокиву техникӣ, кашидани хатти интернетӣ ва зеристгоҳи барқии баландшиддат идома доранд. Ҳамзамон хобгоҳи нав барои 700 нафар коргарон бунёд шуда истодааст.

Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар шаҳри Исфара

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии чанд нафар собиқадорони меҳнат рафт.

Зимни дидорбинӣ бо сокини шаҳраки Шӯроб Екатерина Шабловская, роҳбари вилоят аз фаъолияти пурмаҳсули ӯ дар тӯли солҳои зиёд ёдовар шуда, саҳми чунин шахсиятҳоро дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас арзёбӣ кард. Екатерина Шабловская 73 сола буда, солҳои зиёд дар литсейи касбӣ-техникӣ ва сипас дар низоми бонкии шаҳри Исфара фаъолият намудааст. 

Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Мавҷуда Назирова хабар гирифт. Мавҷуда Назирова соли 1960 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, аз соли 1983 то соли 2010 дар соҳаи маориф фаъолият намуда, сипас аз соли 2010 то соли 2018 вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро ба уҳда дошт. Ӯ соҳиби се фарзанд буда, фарзандонаш имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.

Азхудкунии заминҳои бекорхобида ва бунёди боғҳои нав дар шаҳри Исфара

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара азхудкунии заминҳои бекорхобида бо маром идома доранд. Дар доираи ин иқдомҳо бо мақсади таъмини рушди боғпарварӣ ва зиёд намудани истеҳсоли меваҷот боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода рӯзи 21 октябр зимни сафари корӣ ба Исфара бо ҷараёни корҳои тахту ҳамворкунии замин, бунёди ҳавзҳои захираи об, кашидани хатҳои обрасонӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар боғи “Истиқлол” шинос шуд. Ба иттилои масъулин бо саҳми соҳибкорони ватандӯст дар заминҳои солҳои тӯлонӣ бекорхобида дар масоҳати 600 гектар боғҳои нав бунёд мегарданд.

Айни замон корҳои тахту ҳамворкунӣ дар майдони зиёда аз 140 гектар ба анҷом расида, нақша аст, ки се ҳавзи бузург барои захираи об бо ғунҷоиши гуногун сохта шавад. Барои обёрии боғҳои нав аз дарёи Исфара хатти об ба дарозии беш аз 2 километр кашида мешавад.

Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Гулистон шинос гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди бунёд ва навсозии як қатор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Гулистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли зарфҳои алюминӣ ва пластикӣ, инчунин коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмонии ҶДММ “Тиглат” идома дорад. Корхона дорои се сехи истеҳсолӣ мебошад. Дар сехи зарфҳои алюминӣ ва пластикӣ ҳафт намуд маҳсулот, дар сехи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ то 12 намуд ранг ва дар сехи сеюм хокаи ороишиву пардоздиҳӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар дохили корхона инчунин анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва сехҳои ёрирасон бунёд ёфтаанд. Таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.