Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Истаравшан

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ идома дошта, симои шаҳр рӯз то рӯз зеботар гардида истодааст. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо сохтмони кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бинои маъмурии Прокуратура, маркази саломатӣ ва биноҳои истиқоматӣ шинос шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Аснои боздид аз маркази ташхисиву табобатии «Салоҳиддин» дар маҳаллаи Дилкушо иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди чунин марказҳои ташхису табобат сатҳи сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Истаравшан боз ҳам баланд бардошта мешавад.

Сохтмони бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр низ дар арафаи анҷомёбист. Бинои нав бо меъмории замонавӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тақдим мегардад.

Боздид аз рафти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Истаравшан

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмону ба истифода додани 950 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 750 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр шинос шуда, ба саҳми соҳибкорони ватандӯст дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ баҳои баланд дод.

Айни замон дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маром идома доранд. Бо ташаббуси соҳибкор Ҳабиб Файзихоҷаев корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишӣ бунёд шуда истодааст, ки дар марҳилаи аввал то 60 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз шаҳри Исфара

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома доранд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст ва сокинон як қатор иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд мегарданд.

Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шинос шуд.

Дар маҳаллаи Таги Бораи деҳоти Чоркуҳ сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак ва майдончаи варзишӣ идома дорад. Бинои муассиса бо тарҳи муосир қомат афрохта, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҳамзамон сохтмони толори варзишии болопӯшида низ ҷараён дошта, он ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад намуд.

Дар Суғд Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози чорабинии идона аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба як қатор собиқадорони соҳаи тандурустӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Раиси вилоят кормандону собиқадорони соҳаи тандурустиро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дастовардҳои нав орзу кард. Таъкид гардид, ки иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик — Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Имсол ин рӯз бо 1045-солагии зодрӯзи ин олим ва ҳакими бузург мувофиқ омад, ки осори гаронбаҳои ӯ то ба имрӯз раҳнамои табибони олам аст.

НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев робитаҳои дӯстонаву ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар ба сатҳи нав расида, заминаи устувор барои рушди босуботи минбаъда гузошта мешавад.

Сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис гардид, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд.

Рӯзҳои 16–17 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.