
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки 13 сентябр сурат гирифт, наздик ба 100 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаҳои муҳими иҷтимоии худ, аз ҷумла таъмин шудан бо хонаҳои истиқоматӣ, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти сохтмонӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба табобат ва гузаронидани ҷарроҳӣ, ҳамчунин дигар мушкилоти иҷтимоиро ба миён гузоштанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳар як муроҷиатро баррасӣ карда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон ва пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ намудани муроҷиатҳо муовинони Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони бахшу идораҳои дахлдорро вобаста намуд.








