Саҳми сохтмончиён дар татбиқи сиёсати созанда

Сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба омили асосии рушди инфрасохтор ва обод гардидани шаҳру деҳоти кишвар табдил ёфтааст. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи ин сиёсат, соҳаи сохтмон ҳамчун яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ рушд ёфта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз гармхонаҳои “ММК-Агро”

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин минтақа бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” гармхонаҳои типпи навро бунёд намуда, дар истеҳсоли сабзавот ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузоранд.

Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

12 феврали соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур мутахассисон ва коршиносони гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони мақомоти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, прокурори вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои минтақавии идораҳои ҷумҳуриявӣ, гумрук, сардорони шуъбаҳои ВКД, аъзо ва роҳбарони ҳудудии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, расони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоат ва шаҳраку деҳот, аҳли илму зиё, ходимони дин, маорифу тандурустӣ, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони воситаи ахбори омма ширкат варзиданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт

10 феврал дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баррасии пешниҳоду дархост ва муроҷиати шаҳрвандонро дар мадди аввал қарор додаааст.

Дидорбинӣ бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев

10 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев хабар гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аснои суҳбат ҳунарманди мумтозро ба муносибати зодрӯзаш табрик намуд.