Дар ноҳияи Спитамен корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ шинос шуд.

Дар деҳаи Саидқалъаи ҷамоат бо ташаббуси соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он маркази хизматрасонӣ ҷойгир хоҳад шуд. Дар паҳлӯи бино инчунин коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва сехи дӯзандагӣ сохта мешаванд, ки пас аз ба истифода супоридани онҳо даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. 

Раиси вилоят зимни боздид фаъолияти соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, барои идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру тавсияҳои судманд дод.

Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

24 октябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, роҳбарияти мақомоти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин собиқадорон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ иброз дошт, ки мақомоти судӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, таъмини адолати судӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.

Дар ноҳияи Зафаробод Маркази хизматрасонии “Зарафшон” ифтитоҳ ёфт

23 октябр дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маркази хизматрасонии нав бо номи “Зарафшон” ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкор Зафар Авулов дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. 

Пас аз ифтитоҳи марказ Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуда, таъкид дошт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша ятимону ниёзмандонро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор медиҳад. Гуфта шуд, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ барои таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо мунтазам шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Боздид аз пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод

Ба мавсими нави обрасонӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Дар ноҳияи Зафаробод аз ҳоло таъмири пойгоҳҳои обкашӣ оғоз гардида, барои иваз намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ, беҳтар намудани шароити корӣ ва омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашии «Мирзочул-1» ва «Мирзочул-2» шинос шуд. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки заминҳои ноҳияи Зафаробод асосан тавассути ҳамин пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд ва нақши иншооти обрасон дар рушди соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим мебошад.

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Зафаробод

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуд.

Ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи калонтарин минтақаҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор рафта, дар он ҷамъоварии пахта бо истифодаи техникаҳои муосир, кумаки ҳашарчиён ва саҳмдорони хоҷагиҳо идома дорад.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Сардор» бо ҷараёни ғунучини пахта аз наздик ошно гардид. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баробари саҳмдорон сокинони касбу кори гуногун низ барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосил саҳм мегузоранд.