Тадбирандешиҳо барои рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар Панҷакент

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Роҳбари вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Борадтек-Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” дидан намуда, бо лоиҳаҳои нави ин корхонаи муштарак ошно шуд. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси сармоягузорон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар ҳудуди корхона коргоҳи нав барои коркарди ниҳоии ашёи хом таъсис меёбад. Барои татбиқи ин лоиҳа ҷалби 200 миллион сомонӣ сармоя ва ташкили 300 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин дар самти рушди соҳаи саноати куҳӣ ба баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, то корхонаҳои ватанӣ маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд.

Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Хушдара ва Ғусари шаҳри Панҷакент як қатор иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ба истифода дода шуд.

Дар деҳаи Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинг бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 124 ифтитоҳ ёфт. Мактаби нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муҳлати кӯтоҳ ва бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.

Ин муассисаи таълимӣ барои 600 нафар хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои васеъ, лабораторияҳои фаннӣ, утоқҳои омӯзгорон ва толори маҷлис мебошад. Бино ба системаи мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, барои фаъолияти пурсамари омӯзгорон ва таълими хонандагон шароити мусоиди кориву таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент маҷмааи фарҳангӣ ва сайёҳӣ ифтитоҳ ёфт

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Некнот маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иншооти мазкур бо саҳми бародарон Ансориҳо — соҳибкор Мамнунхон Ансорӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муаззамхон Ансорӣ бунёд гардида, ҳадаф аз таъсиси он саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Зимни шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти маҷмаа иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми он маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ ташкил гардида, 10 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шудаанд. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ фаъолият дорад, ки барои сайёҳон ва меҳмонон имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷикро фароҳам меорад. Дар ошёнаи сеюм бошад, меҳмонхона бо 14 ҷой барои қабули меҳмонон омода гардидааст.

Дар шаҳри Панҷакент толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Панҷакент бо маром идома дошта, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Зери Ҳисори Ҷамоати деҳоти ба номи Абудабдулоҳ Рӯдакӣ боздид намуда, толори варзишии навро мавриди истифода қарор дод.

Иншооти мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52 бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба наврасону ҷавонон ҷиҳати машғул шудан бо варзиш имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.

Ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми пахтачинӣ дар Суғд: ноҳияи Ашт ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ шуд

10 октябри соли равон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аз фаъолияти пахтакорони вилоят дар бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ натиҷагирӣ шуда, ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян гардиданд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳо, ноҳияи Ашт мақоми аввал, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойи дуюм ва дар миёни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа вимпел ва мукофотҳои пулӣ супорида, ба роҳбарони ноҳияҳои пахтакор ва дигар масъулони соҳа барои сари вақт, пурра ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани пахта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, ба як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.