Шиносоӣ бо сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳраки Ғафуров

Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ сохтмони ду бинои 14 - ошёна бо маром идома дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ таҳия гардида, дар назди биноҳо майдони алоҳида барои таваққуфгоҳи нақлиёт, майдончаи варзишӣ ва ҷойҳои бозии наврасон пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят ба раиси ноҳия ва роҳбарияти ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати дар ҳудуди маҷмаа бунёд намудани кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, ҷойҳои сайру гашт, инчунин таъсиси фурӯшгоҳу марказҳои хизматрасонӣ дар қабати аввали биноҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шоири тоҷик бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шоири шинохтаи тоҷик Гулноз Тоҳириёнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Гулноз Тоҳириён бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардонда шудааст. Ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздик 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Гулноз Тоҳириёнро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин муваффақиятҳо нишонаи эътирофи ҷаҳонии фарҳангу адаби тоҷик буда, саҳми шоистаи эҷодкоронро дар муаррифии миллат ва забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ мекунад.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Ма Тян

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати «Хуавей» дар Тоҷикистон Ма Тян мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» пешбинӣ шуда, ҳадафи асосии он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, қонунвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Ҷонибҳо вобаста ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати он­ро муҳокима карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода беморонро аёдат намуд

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд як қатор оилаҳои камбизоат ва дорои фарзандони маъюбро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Наргиза Турабоева, Моҳира Юсупова, Башорат Солибоева, Санҷидa Сабурова ва Машҳура Аҳмедова, ки фарзандони маъюб доранд, хабар гирифт. 

Зимни аёдат Раиси вилоят бо шароити зиндагӣ, вазъи иҷтимоиву тандурустии беморон шинос шуда, таъкид намуд, ки дастгирии чунин оилаҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Суғд

Дар Қасри варзиш таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба мавсими нави футбол, интихоби саривақтии ҳайати мураббиён ва бозингарон, инчунин рушди футзал, футболи кӯдакон ва наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол дар кишвар сол ба сол рушд меёбад. Бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба густариши оммавияти футбол мусоидат мекунад.