Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

8 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни шаҳр иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод гардида, Шарифҷон Ҷумазода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин карда шуд.

Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

8 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои ноҳия иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 Нусратулло Салимзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод гардида, Темурҷон Нумонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд.

Барои даври вилоятии озмуни "Шоҳномахонӣ" 404 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд

 Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода "Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ба тасвиб расид. Тибқи қарор даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи озмун тарғиби мероси бузурги адабии халқи тоҷик, эҳёи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва завқи адабии ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.

Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен

7 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони ноҳия иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Нуъмонзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен озод гардида, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 июни соли 1971 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ буда, доктори илмҳои таърих, профессор мебошад.

Муаррифии раиси шаҳри Истаравшан

7 январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маросими муаррифии раиси шаҳр баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо фаъолону роҳбарони сохторҳои давлатӣ иттилоъ дод, ки мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан озод гардида, Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода ба вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин карда шудааст.