Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодомро ифтитоҳ карданд

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.

Бинои мазкур 4-ошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дидан намуда, ба истифодаи хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом оғоз бахшиданд

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Обро ба ин мавзеъ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 100 мм баровардаанд. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хати барқи алоҳида таъмин аст. Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиëр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ва ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони «Зангӯла» дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (Кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари вилоятӣ баргузор шуд

Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҷлисгоҳи "Боғи миллии Ваҳдат" ба таври амаливу назариявӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ангурпарвар иштирок намуданд.