Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар шароити ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин воқеият, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувор ва дурбинонаро дар самти ҳифзи табиат ва таъмини рушди устувор амалӣ менамояд. Ин нукта дар Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ инъикос гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии экологиро муайян менамояд.

Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза касб намудааст.
15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни татбиқи тадбирҳои ободонӣ дар ноҳия шинос гардида, сокинон ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор намуд, ки саҳми худро дар корҳои созандагӣ боз ҳам бештар намоянд.

Дар минтақаи Искандаркӯл ба бунёди иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид.
Маросими гузоштани санги асоси иншоот рӯзи 14 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.

Ноҳияи Айнӣ дар номинатсияи "Ноҳияи беҳтарин" - и озмуни вилоятӣ ғолиб шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар доираи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозии соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи саноат, саҳми назарраси корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва татбиқи ҳадафҳои созанда табодули афкор намуданд.