Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Хуҷанд

21 марти соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Ҷумъа Почоеви маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» оғоз бахшида шуд.

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии сокинони ноҳияи Мастчоҳ

Чорабинии идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангии "Тоҷикистон" баргузор шуд ва Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз хаймаҳои наврӯзӣ боздид намуда, шодишарики мардуми ноҳия гардид.
Раҷаб Аҳмадзода сокинони ноҳияро ба ин иди фархунда табрику муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва падидаи зебои ҳамзистии инсон бо муҳити атроф ба шумор меравад.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва соли нави аҷдодиро ба кулли сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон буда, гузаштагони фарҳангиву тамаддунсозамон расму ойинҳои онро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонидаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи “Тиллокон”-и шаҳри Хуҷанд

21 марти соли 2026 бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар микроноҳияи 12-уми маҳаллаи “Тиллокон” майдончаи варзишӣ, ҷойи дамгирии калонсолон ва майдончаи кӯдакона мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода сокинони вилоятро бо Иди саиди Фитр табрик намуд

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик намуд.
Зимни ироаи паёми табрикӣ Раиси вилоят сокинонро бо ин иди муборак самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонавода саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу кард.