Шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷониби соҳибкорон бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Зимни сафари кории худ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд. Нахуст роҳбари вилоят дар деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев аз коргоҳи дӯзандагӣ боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ба истеҳсоли либосҳои варзишӣ нигаронида шуда, бо мавриди истифода қарор додани он 100 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Ашёи хом барои коргоҳ аз фабрикаи матоъбофии ноҳияи Данғара дастрас гардида, либосҳои истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ ва Федератсияи Россия бароварда хоҳад шуд.

Тадбирандешиҳо дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби полезӣ ва азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳаи азнавбарқароркунии қубурҳои обгузар, ки дар ҳузури Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, таъкид гардид, ки дар сурати кашидани хатти обгузар бо дарозии 24 км ва насби 2 дастгоҳи обкашӣ дар пойгоҳи обкашии Маҳрам ҳолати обёрии 2500 гектар замин беҳтар хоҳад шуд.

Аёдати бошандагони Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бошандагони Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро аёдат карда, фарорасии Иди саиди Фитрро ба онҳо табрик гуфт.

Дар маркази мазкур ба 111 нафар хизмати иҷтимоӣ расонида шуда, нафароне, ки бо амри тақдир ба ғамхорӣ ниёз доранд,  нигоҳубин карда мешаванд.

Аёдати оилаи Диловар Толибов ва Абдуҷаббор Бобоев

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаи Диловар Толибовро, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ қаҳрамонӣ нишон додааст, аёдат кард.

Диловар Толибов хатмкардаи Донишгоҳи олии Қушӯнҳои сарҳадӣ буд ва дар вақти хизмат барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҷоннисорӣ намудааст. Ба хотири гиромидошти хизматҳои марҳум кӯчае ба номи ӯ гузошта шудааст.

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои ҲХДТ ва азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳр идома дошта, қариб 90 дарсади корҳо ба анҷом расонида шудааст. 

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурӣ соли 2018 оғоз ёфта, рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад. Бинои маъмурӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорону ташкилотҳои ибтидоӣ бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ҷойгир буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони ҳизб шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.