Дар шаҳри Гулистон ба бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат ва бинои Нозироти андоз санги асос гузошта шуд

Рӯзи сешанбеи 3 май дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон бо гузоштани нома ба наслҳо ба сохтмони бинои таълимӣ санги асос гузошта, зимни суҳбат иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо иншооти нави соҳа сохта шуда, масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад.

Хуҷанд: Иди саиди Фитр баргузор гардид

Субҳи солеҳони имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва оромию амнияти сарзамин дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитрро хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

01.05.2022

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Бахшида ба Иди саиди Фитр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил шуд

30 апрел дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ярмаркаи мазкур ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузаронида шуда, маводи ғизоӣ - орд, шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, маҳсулоти нонӣ, шириниҳо ва меваҷот бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр  

Кулли мардуми сарбаланди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр,  ки саршор аз файзу баракат ва ифодакунандаи арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, самимона табрику муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад.