Дар ҷамоати Ёва 8 км роҳ мумфарш мешавад

Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии 8 км роҳи деҳаи Боғи боло оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо пирони кор ба мумфаршкунии роҳи мазкур оғоз бахшида, таъкид кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола садҳо километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда мешавад.

Хуҷанд: Аёдати бознишастагон дар Иди Наврўз

Дар Иди Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода  як зумра бознишастагон, аз ҷумла: Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, вакили Иҷлосияи тақдирсоз Баҳриддин Аҳмадов, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС, бофандаи моҳир Махфират Дадобоева, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Муборак Неъматова, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исрофил Бобомаликов, собиқадори маориф Тавҳида Баҳриддинова ва дигаронро аёдат ва ба эшон туҳфаҳои наврўзӣ тақдим карда шуданд.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ доир шуд

22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят​ табрик гуфта, иброз дошт, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ҳар сол бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ​ ва рушди соҳаи асппарварӣ ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ» ба ҳукми анъана даромада, имсол 24-умин мусобиқа доир гардида истодааст.​

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд

Ҷашни Наврўзи байналмилал дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомат ва риояи суннатҳои миллӣ таҷлил карда шуд.

Дар тантанаҳои идона Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи кишвари ҳамсояи Ўзбекистон, аз ҷумла Раисони шаҳрҳои Риштон ва Бешариқ,  Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва аҳли зиё иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовради хоҷагии халқи шаҳр, ки аз тарафи идораву ташкилот, маҳалла ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуда буд, шинос гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карданд

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.