Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Санаи 9-уми майи соли равон ба ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду ҳафт сол пур мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони вилоятро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии он ба ҳисоб меравад, яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, паёмадҳои фоҷеабори он то имрӯз дар вуҷуди мардуми олам боқӣ мондааст.

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

Муҳтарам алоқачиён!

Ҳамасола санаи 7-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа ҷашн гирифта мешавад.

Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир аҳамияти стратегии худро собит намуд.

Дар Истаравшан мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфт

Дар шаҳри Истаравшан мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфта, дар нақша аст, ки имсол 7 тонна пилла истеҳсол карда шавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои кирмакпарварӣ дар оилаи Қаюм Шодиев иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои масъулин дар мавсими имсола ба 200 оилае, ки таҷрибаи кирмакпарварӣ доранд, 280 қуттӣ кирмак тақсим гардида, айни замон парвариши кирмак ҷараён дорад.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаҳои ҶДММ “Файзи тиҷорат”, ҶДММ “Сими стандарт” ва корҳои васлу насби таҷҳиҷот дар ҶДММ “Зиё-Нур” шинос шуд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Зафаробод

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод собиқадорони меҳнат Умурзоқ Дониёров ва Ғафур Ҳаитбобоевро аёдат кард.

Умурзоқ Дониёров 25 августи соли 1944 дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ў соли  1973 Донишкадаи иррегатсионии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси  муҳандис-барқчӣ хатм намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоштааст.