
Дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маркази хизматрасонии «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд.
Иншооти замонавӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ҶДММ «Садои дӯстӣ» сохта шудааст.
Маркази хизматрасонӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, бо меъмории миллӣ ва тарҳи муосир бунёд гардида, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намуд. Барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 4 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, бо ба истифода додани маркази хизматрасонӣ 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои пулӣ ва либосҳои зимистона тақдим гардид.








