ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

09.05.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башар, ҳамаи онҳое, ки дар он солҳои фоҷиабор дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ғалаба бар фашизм самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони Тоҷикистон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу менамоям.

Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.

Таҷлили 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд

8 май​ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар наз­ди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги​ Бу­зурги​ Ватании солҳои 1941-1945, ки дар мавзеи Панҷшанбеи ша­ҳри Хуҷанд ҷойгир ас­т, чорабинӣ доир гар­дид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ қаҳрамонони замон​ ва дар симои онҳо​ кул­ли мардуми вилоятро ба муносибати фарора­сии Рўзи Ғалаба сами­мона табрику муборак­бод гуфт.

Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён ба як оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ бунёд мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаи Солеҳа Файзиеваро аёдат кард.

Ин оила ниёзманд ба ҳисоб рафта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои онҳо манзили истиқоматӣ бунёд гардида истодааст. Бунёди манзил ва оиладор намудани фарзанди ягонааш орзуи деринаи Солеҳа Файзиева буд ва ҳамакнун ӯ хеле хушҳол аст, ки ба орзуи худ мерасад.

Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён 300 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид  

 

Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби ошомиданӣ чоҳи амудӣ кофта шуд, ки дар натиҷа 300 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони ҷамоат аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои деҳот ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди деҳоти мамлакат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.

Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз, шанбеи 7 май чун анъана дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.

Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти нисбатан арзон амалӣ гардид.