Дар вилояти Суғд 340 тонна пилла истеҳсол мешавад

Соли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии пилла идома дорад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаи қабули пилла дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд.

Дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев имсол 500 қуттӣ кирмак тақсим гардида, кирмакпарварон тасмим доранд, ки 15 тонна пилла истеҳсол намоянд.

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиби Президент, Сарвазири Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Абу-Забӣ аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён, Худованд биёмурзадашон, боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти бародари гиромиатон, Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба ҳузур пазируфтанд

13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хушбахтӣ, сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва бахту саодати оилавӣ таманно менамоям.

Оила асоси ҳар як ҷомеаи инсонист ва дар бунёду такомули он аъзои ҷомеа саҳмгузор аст. Бунёди оиладорӣ аз муҳаббати тарафайн ибтидо гирифта ахлоқи нек ҳамчун яке аз муҳимтарин шохаи умри инсонӣ бояд дар равиши зиндагии якҷоя мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.