Мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаҳои марзиро дар доираи муносибатҳои дипломати ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл намуда, барои зиндагии осоиштаи ба мардуми назди марзӣ талош меварзанд. Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизил-Бел"- Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор гардид. Гурӯҳҳои кориро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев роҳбарӣ намуданд. 

Дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек ширкат варзиданд. 

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи таъмини зиндагии орому осуда ба мардуми назди марзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марз минбаъд низ таваҷҷуҳ равона карда мешавад.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш дода шуд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ по роҳандозӣ намоянд. Мардуми назди марзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд.

Таъкид гардид, ки бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст.

Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд 

 Раиси вилояти Суғд ва вилояти Ботканд мардуми ду вилоятро бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният намуда, изҳори умед карданд, ки сокинони назди марзӣ дар фазои орому осуда кору зиндагӣ намуда, барои пешрафту бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият, ба дастархони мардум баракату фаровонӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.

Наврӯз ҳамчун падидаи беназири фарҳангӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ва дигар меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ ҷойгоҳи хоса дошта, дар тўли таърих инсониятро ба дўстию ваҳдат, ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ва бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намудааст.

Сокинони маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонов Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд

Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии сокинони маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, Иди байналмилалии Наврӯзро ба онҳо табрик гуфт.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик Иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.

Дар давраҳои минбаъда Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.

Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии наврӯзии сокинони маҳаллаи ба номи Темурмалики шаҳри Хуҷанд

19 март тантанаҳои идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи ба номи Темурмалики шаҳр омада, дар чорабинии наврӯзии сокинон иштирок намуд ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро табрик гуфт. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи ба номи Темурмалик барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуда, ба кадрҳои ҷавону лаёқатманд супорида шуд.

Сокинони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтанд

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят мардум бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифта истодаанд. Сокинони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд низ бо риояи анъанаҳои миллӣ Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии аҳли зиё, собиқадорони меҳнат ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ дар чорабинии наврӯзии сокинон иштирок намуда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ва оинҳои неки он дубора эҳё гардида, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.​