Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба ҳамаи Шумо - наврасону кӯдакон табрику муборакбод гуфта, осмони софу беғубор, кӯдакии пурнишот, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди кӯдакони хушбахти даврони истиқлол чунин таъкид намудаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми "Тавҳидбонк"

Рӯзҳои 26 - 28 май дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рузи ҷаҳонии футбол мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футзал баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур шаш даста аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон барои дарёфти Ҷоми "Тавҳидбонк" миёни ҳам сабқат намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов, меҳмони ифтихорӣ-ситораи футболи бразилӣ Фалкао иштирок намуданд.

Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ифтихори сиюякумин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сарҳадбонони шуҷои кишварро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, зикр кард, ки таъсис ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ нақши муассир дорад.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ки хосатан дар солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба назар мерасиданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои инфрасохторӣ ва моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ амалӣ намуда, шароитҳои хизматиро тадриҷан беҳтар сохт.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренко

27 майи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренко мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Раиси вилоят меҳмононро самимона ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори умед намуд, ки ин сафар ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни вилоятҳои Суғду Минск такони тоза мебахшад.

Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид намуд, ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистону Беларус, бахусус вилоятҳои ин ду кишвари дӯст сол то сол тақвият меёбанд ва таҳкими онҳо самараи сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мебошад.

Ташрифи ҳайати вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ба вилояти Суғд

27 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренкоро ба ҳузур пазируфт. 

Ҳайати вилояти Минск зери роҳбарии Алексей Кушнаренко шоми дирӯз бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск ба вилояти Суғд ташриф овард. 

Айни замон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон мулоқоти ҳайатҳо ҷараён дорад. 

Дар назар аст, ки давоми рӯз дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки соҳибкорони ду тараф бизнес-форум доир гардида, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.