
11 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ хонум Криста Пиккат мулоқот кард.
Раиси вилоят аснои мулоқот ба нақши ЮНЕСКО дар ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, рушди илму маориф, тиббу фарҳанг баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.



Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
11-уми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
10 апрел гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ки дар Боғи миллии "Ваҳдат" ташкил карда шуд, боздид намуданд.

