Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

18 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок намуданд. 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Президенти мамлакат сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Президенти мамлакат, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди масъулини вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ тариқи онлайн оғоз бахшиданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.

Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва Раиси Раёсати ширкати “ТВЕА” Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳри Исфара мулоқот карданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимии сокинон ва ҷонибдории сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мардуми ватандӯсту соҳибмаърифат ва ободкори шаҳри Исфара дар қатори сокинони дигар минтақаҳои мамлакат барои сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расонидаанд, ки қобили таҳсину дастгирӣ мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Мактаби байналмиллалии «Контакт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмиллалии “Контакт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукуҳи таълимӣ шинос шуданд.