31 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд» шинос гардид.
Корхонаи мазкур зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд ва пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои нави корӣ таъмин карда шуд. Корхона моҳи феврали соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.



Ҳамватанони азиз!
30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассиси ҶДММ “Баракат - Исфара” Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷаббориро ба ҳузур пазируфт.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солномаи фаъолияти Сарвари давлатро дар соли 2021 — соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намуд.
