Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина-К»-ро ифтитоҳ намуданд

15 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар масоҳати 11 гектар бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Хишти аълосифат»-ро ба истифода супориданд

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат”-ро, ки фаъолияташ тариқи хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст, ба истифода супориданд.

Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гашта, иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Коргоҳи коркарди санги хоро ва мармари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хорои Суғд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии корхона соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар майдони 1,2 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Абдулҳамидов мутобиқ ба талаботи замон ва тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ «Сомон-Кишоварз»-ро ба истифода доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз”-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмини корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таьсис дода шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ “Органик-Ян 2”-ро ифтитоҳ карданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян 2” оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта оғоз бахшиданд.

Коргоҳи “Органик-Ян 2” дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳия дар масоҳати 2,27 гектар ҷой гирифта, ифтитоҳи коргоҳ идомаи хати истеҳсолоти “Органик-Ян” мебошад ва он бо саҳми соҳибкор Даврон Ахмедов бо харҷи маблағи сармоявии 37 миллион сомонӣ таьсис дода шудааст.