Дар доираи сафари ҳайати вилояти Суғд ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия мулоқоти соҳибкорони ду тараф баргузор гардид.
Соҳибкорон дар формати В2В мулоқот карда, доир ба имкониятҳои мавҷудаи ду ҷониб, роҳҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ташкили тиҷорат ва корхонаҳои хурду миёнаи муштарак, фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.



Дар рӯзи нахустини сафар ба Ҷумҳурии Туркия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз гармхонаҳои шаҳри Анталия боздид намуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.
16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
