Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рӯзи 7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Боғи мазкур дар масоҳати 2000 метри мураббаъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Архикад” амалӣ шуда истодааст.



7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.
7 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доктори илмҳои тиб, профессор Бахтиёр Ахмедовро аёдат кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ "Атласи Хуҷанд" шинос гардид.
