Дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ташкили чорабиниву дастрхони идонаи наврӯзӣ ва дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоянд, зеро Наврӯз аз қадимулайём чун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Сокинони шаҳри Конибодом низ бо риояи анъанаҳои милливу қадима ин ҷашни таърихиро ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Дар тантанаҳои идонаи мардуми деҳоти Фирӯзобаи шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат кард ва тамоми сокинонро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуд.



Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Исфара барои афсарону сарбозон дастархони идонаи наврӯзӣ густарда шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Конибодом аёдат карда шуданд.
Ҳамватанони азиз!
Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз тибқи супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони тамоми қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят аёдат карда мешаванд.
