Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии «Шаҳноз»-ро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯи болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии “Шаҳноз”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,15 гектар заминро ташкил намуда, аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Яҳёева Рисолат сохта шудааст.

Кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон фароҳам оварда шудааст то 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти он боздид карданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкори бо шарикони рушд дар масоҳати 300 метри муррабаъ мутобиқ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби созандаву бунёдкор, бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара майдони «Парчами давлатӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони “Парчами давлатӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, парчам дар баланди 50 метр парафшон карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро ифтитоҳ намуда, ба 50 нафар ятимони кулл тӯхфаҳо тақдим карданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоотро соҳибкори маҳаллӣ Сорбон Савриддинов дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд намудааст. Бинои асосии маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино ду ҳаммом таъсис дода шудааст, ки замонавӣ мебошад ва барои қабули 24 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳаммом аз ҳуҷраи қабул, хонаҳои либосивазкунӣ, истироҳатӣ, буғхона ва ҳавз иборат аст.