Имрӯз, шанбеи 7 май чун анъана дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.
Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти нисбатан арзон амалӣ гардид.



Санаи 9-уми майи соли равон ба ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду ҳафт сол пур мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони вилоятро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Дар шаҳри Истаравшан мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфта, дар нақша аст, ки имсол 7 тонна пилла истеҳсол карда шавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои кирмакпарварӣ дар оилаи Қаюм Шодиев иттилоъ дода шуд.
Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.
