Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаи Солеҳа Файзиеваро аёдат кард.
Ин оила ниёзманд ба ҳисоб рафта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои онҳо манзили истиқоматӣ бунёд гардида истодааст. Бунёди манзил ва оиладор намудани фарзанди ягонааш орзуи деринаи Солеҳа Файзиева буд ва ҳамакнун ӯ хеле хушҳол аст, ки ба орзуи худ мерасад.



Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби ошомиданӣ чоҳи амудӣ кофта шуд, ки дар натиҷа 300 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Имрӯз, шанбеи 7 май чун анъана дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.
Санаи 9-уми майи соли равон ба ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду ҳафт сол пур мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони вилоятро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
