Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар сохтори Вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, сӯҳбат намуданд.
Пешвои миллат зимни мулоқот аз таҳлилу баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбарони мақомоти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимму рӯзмарра, нақши ҳар як мутахассис дар пешрафти соҳа вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо далелу рақамҳои дақиқ мисол оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавон, кордону ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру супориш дода, Сарвари давлат, бахусус, ба соҳаи илму маориф, ки махзани асосии тайёр кардани кадрҳои соҳибмалака дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.