Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон

29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Конибодом

28 июн дар идомаи вохӯриву мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Конибодом мулоқот намуд.

Дар мулоқот Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18 июни соли равон дар мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара баён гардида буд, ёдовар шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр ба масъулин супоришҳо дод. Дастур дода шуд, ки дар шаҳр бояд дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал,  пешгирӣ кардани болоравии нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, бомаром амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар тадбирҳо  масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

28 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.

Аёдати собиқадорони меҳнат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва собиқадори соҳаи маориф Раҳимҷон Каримовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфт.