Муҳтарам аҳли қалам!
Ҳамаи Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.
110 сол пеш аз ин бо ибтикори гуруҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои ҷолиби асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.



Модарону бонувони гиромӣ!
5 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ба зиёда аз 300 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони маркази вилоят кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
4 марти соли 2022 дар Қасри Арбоб ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши бузурги идона баргузор гардид.
