Ба бунёди мактаби варзишӣ оид ба намуди камонварӣ санги асос гузошта шуд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди камонварӣ санги асос гузошта шуд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либокашӣ ва толори маҷлисгоҳ   ҷойгир мешавад. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Озодахон ва Дилноза, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аёдат намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли хоҳарон Озодахон ва Дилноза хабар гирифт.

Дар суҳбат бо наврасон таъкид гардид, ки аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон, бахусус ба бачагони ятиму бепарастор, дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.

Аёдати наврасони бемор дар шаҳри Гулистон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, Соҷида ва Иброҳим Мамадовҳоро, ки ҳарду бемор мебошанд, аёдат кард

Раиси вилоят дар суҳбат бо волидони кӯдакон иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи  оила, кўдак ва волидайн дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.

Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон наврасонро аёдат кард

Ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба хабаргирии чанде аз кӯдакони бемор рафт.

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят Муҳаммад Солеҳов ва Нозимҷон Исмоиловро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои идона супорид. Наврасон бо ҳукми тақдир бемор буда, аз кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдор мебошанд. Илова бар ин, аз ҷониби масъулин дар арафаи идҳои милливу мардумӣ хурдсолон ба чунин кӯдакони имконияташон маҳдуд мунтазам ёрӣ расонида мешавад.

Аёдати кӯдакони бемор дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд кӯдакони бемор Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедовро аёдат карда, онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик намуд.

Раиси вилоят зимни аёдат иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кўдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор  даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд.