Устодону омўзгорони арҷманд!
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо якшанбеи аввали моҳи октябр Рўзи омўзгорон бо тантана ва шукўҳи хоса таҷлил мегардад. Боиси ифтихор аст, ки имсол иди касбии омўзгорон ба рўзҳое рост омад, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.



Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонадони оилаи Худойбердиевҳо рафта, ба аҳли оилаи афсар Сорбон Худойбердизода изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
29 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ба бунёди маркази қолинбофӣ асос гузошт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 сентябр дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич рафти сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо харҷи 1,4 миллион доллари ИМА сохта шуда, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти муҳташами замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 29 синфхона, 5 утоқи корӣ, лаборатория, толори хониш, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толори калони варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад.
