20 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангию фароғатие, ки дар назди Қасри Арбоб бунёд шуда истодааст, шинос гардид.
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бунёди макони нави истироҳатӣ ба ин мавзеъ, ки аз ҷойҳои сербинандатарин аст, ҳусни дигар зам менамояд. Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз, боғи нав барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори корхонаи муштараки "Зарафшон" Жан Яоминро ба ҳузур пазируфт.
18 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия Владимир Волошок, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардааст, мулоқот кард.
18 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
