Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзҳои 25 ва 26 апрел ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ин минтақаи дурдасти вилоят шинос гардид.

Бояд гуфт, ки ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Боздид аз боғи навбунёди зардолу ва чормағз дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз минтақаҳои кишоварзии вилоят маҳсуб ёфта, мардуми ин диёр барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди боғҳои гуногун сарбаландона меҳнат менамоянд.

Чуноне аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаи Оббурдони ноҳия маълумот дода шуд, бо ташаббуси соҳибкор Ҳикматулло Бобоев дар талу теппаҳо дар масоҳати як гектар боғи нав бунёд гардида истодааст. Дар боғи нав ниҳолҳои зардолуву чормағз ва себ шинонида шуда, барои бунёди боғ ниҳолҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориши муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён шунида шуд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла Нурмуҳаммад Ҳомидов ва Алибой Ниёзовро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ орост. Қайд карда шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии собиқадорони меҳнат мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои панҷсолаи рушди саноат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ маълумот дода шуд.

Раиси вилоят нахуст бо фаъолият ва тадбирҳои бунёдкорӣ дар ҶДММ «Аҷр» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар масоҳати 0,54 гектар ҷойгир буда, дар он бо мақсади беҳтар намудани фаъолият хатҳои нави истеҳсолӣ насб карда мешавад. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, баъди насби онҳо дар назар аст, ки дар як шабонарӯз то 25 ҳазор дона халта истеҳсол гардад.