Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуданд.



28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» боздид намуда, бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.
27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар камбизоатонро аёдат намуда, ба эшон маблағҳои пулӣ, тўҳфаҳои хотиравӣ ва маводи ғизоии ниёзи аввалия супорид.
